Омӯзиши HTML, Тегҳо – Дарси 2

HTML WEB Барномасозӣ

Дар дарси гузашта мо веб саҳифаи аввалини худро сохтем, ки он аз чунин код иборат буд:

				
					<html>
	<head>
		<title>Аввалин сомонаи ман</title>
	</head>
	<body data-rsssl=1 data-rsssl=1>
		<h1>Салом ба ҳама! Номи ман Дилшод! Ман тавонистам! Ин аввалин сомонаи ман аст!</h1>
	</body>
<html>
				
			

Аз руи код дидан мумкин аст, ки баъзеи калимаҳо дар даруни нохунак навишта шудаанд. Ба мисоли:
<html>
<body>
<title>
<h1>

Дар забони HTML инҳоро ТЕГ меноманд. Яъне дар забони html мо тавассути тегҳо веб саҳифаҳоро месозем. Ҳар тег маънои хоси худро дорад, ки ҳангоми навиштани он дар веб саҳифа пайдо мешавад. Масалан теги <h1> барои баровардани сарлавҳа хизмат мекунад.
Шояд шумо савол диҳед, ки агар теги <h1> барои баровардани сарлавҳа бошад, пас теги </h1> барои чи лозим аст?
Ҷавоб: Теги </h1> махкамкунандаи теги <h1> мебошад. Аксарияти тегҳо кушоянда ва махкамкунанда мешаванд. Байни теги кушоянда ва махкамкунанда мо маълумоти зарурии худро менависем. Ҳангоме ки браузер коди <h1>Салом</h1> мехонад, аз руи <h1> муаян мекунад, ки дар ин ҷо матни байни тегҳои <h1></h1>-ро ҳамчун сарлавҳа баровардан лозим.

Бо ибораи дигар гуем Браузер тарҷумонест, ки кодҳои навишташудаи шуморо (html-кодҳоро) тарҷума карда дар шакли фаҳмо (веб саҳифа) ба истифодабарандагон пешкаш мекунад.

Чихеле, ки биноҳо аз хиштҳо сохта мешаванд, веб – саҳифаҳо низ аз тегҳо сохта мешаванд.

Акнун бо тегҳои навиштаамон шинос мешавем:
Теги <html> – маънои оғози html – ҳуҷҷатро дорад.
Теги <head> – маънои оғози сарлавҳаи веб саҳифаро дорад. Дар ин бора дертар маълумот медиҳем.
Теги <title> – барои баровардани номи веб саҳифа дар қисми болои браузер хизмат мерасонад.
Теги </title> – анҷоми тег
Теги </head> – маънои анҷоми сарлавҳаи веб саҳифаро дорад.
Теги <body> – маънои оғози веб саҳифаро дорад. Ҳамаи намудҳои маълумоте, ки мо дар браузер мебинем(расм,видео, матн, пайвандҳо(ссылка)) дар дохили теги <body> навишта мешаванд.
Теги </body> – маънои анҷоми веб саҳифаро дорад.
Теги </html> – маънои анҷоми html – ҳуҷҷатро дорад.

Агар барои шумо фаҳмидани тегҳо мушкил бошад, ҳеҷ гап не! Давом диҳед ва дар дарсҳои ояда мефаҳмед, ки тегҳо ба монанди калимаҳои забони хориҷиянд, ки ҳар кадомашон маънои хосеро доранд.

Саломат бошед! То дарси оянда.

Агар ин дарс ба шумо писанд омада бошад, ба дӯстонатон равон кунед то аз онҳо низ ба омӯзиши сомонасозӣ оғоз кунанд.

Facebook
WhatsApp
Telegram
OK
VK
Email
0 0 голос
Баҳодиҳии мақола
guest
0 Комментарий
Межтекстовые Отзывы
Посмотреть все комментарии