Интернет Почтаи электронӣ

Почтаи электронӣ

Почтаи электронӣ хизматрасонии интернетие мебошад, ки имконияти равон сохтани ҳар гуна ҳуҷҷатро (матнӣ, садоӣ, видео, расм ва ғ) ба вуҷуд меорад.

Имрӯз, почтаи электронӣ  ба монанди рақами телефон ҳамчун як воситаи муҳими муошират истифода мешавад. Почтаи электронӣ барои иртибот дар ҷои кор, сабти ном дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва дигар барномаву сомонаҳо истифода мешавад.

Дар ҷаҳон зиёда аз 3,7 миллиард нафар дорои почтаи электрониянд. Албатта, на ҳар як сокини Замин дорои почтаи электронӣ аст. Баъзе истифодабарандагон то 5 почтаи электронӣ доранд.

Масалан агар шумо хоҳед, ки ҳуҷҷатеро ба корхона ва ё шахсе, ки аз шумо дар масофаи дуртар ҷойгир аст, равон кунед, метавонед аз почтаи электронӣ истифода баред.

Дигар афзалият дар он аст, ки шумо аз дилхоҳ минтақа бо мавҷуд будани имконияти воридшавӣ ба интерет ба почтаи электронии худ даромада,  кори заруриро анҷом дода метавонед.

Суроғаи почтаи электронӣ чӣ гуна навишта мешавад?

Мисоли он, ки суроғаи почтаи электронии itojik@gmail.com аз кадом қисмҳо иборат аст:

itojik – логини воридшавӣ ба почта (номи логин ягона буда, аз ду нафар як хел буда наметавонад);

@ – нишонае, ки номи истифодабаранда ва домени созмонро фарқ мекунад, ва ин ишора ба он аст, ки ин суроғаи почтаи электронӣ мебошад;

gmail.com – домени муштарии почта, ки дар он  почтаи электронӣ сабт шудааст.

Сомонаҳо барои бақайдгирии почтаи электронӣ:

  • Gmail;
  • Mail.ru;
  • Яндекс.Почта;
  • Rambler;
  • Yahoo!

Дар мақолаҳои оянда тарзи сохтани почтаи электрониро дида  мебароем. Моро пайгирӣ намоед.

4 4 голоса
Баҳодиҳии мақола
guest
0 Комментарий
Межтекстовые Отзывы
Посмотреть все комментарии
0
Оставьте комментарий! Напишите, что думаете по поводу статьи.x
()
x

Гирифтан (Скачат) намудани Видеокурс

Баъд аз равон сохтани маълумотҳо гирифтан (скачать) намудани видеокурс оғоз мешавад. Андозаи файл: 401 Мб: