Системаи ҷустуҷӯии Google сиру асрорҳои гуногун дорад. Яке аз онҳо ин ҷустуҷӯи файл аз руи формати он ба шумор меравад. Масалан, агар барои шумо ёфтани файл ё китобе дар шакли PDF лозим бошад шумо метавонед онро бо чунин навишт ҷустуҷӯ кунед:
номи файл filetype:pdf
Барои мисол агар мо китоби Тоҷикон-и Бобоҷон Ғафуровро ёфтани бошем мо бояд ба зайли зерин нависем:
Китоби Тоҷикон filetype:pdf

Дар натиҷа тамоми файлҳои PDF-е ки ба китоби Тоҷикон рабт доранд дар натиҷаи ҷустуҷӯи Google пайдо мешаван. Шумо саҳифаи заруриро кушода китобро дар шакли PDF хонда ё скачать мекунед.

Ба монанди ҳамин агар ба шумо маълумоте дар формати Microsoft Word ё дигар барнома лозим бошад, бояд ба ҷои PDF формати онро дохил кунед. Мисол:
Китоби Тоҷикон filetype: docx
Агар мақола ба шумо писанд омада бошад онро метавонед ба дӯстонат нашр кунед.
Ҷаҳони сипос истифода кардем 🙂