Салом дӯстон!
Ҳангоми ҷустуҷӯи маълумот дар интернет ва ё дигар кор баъзан ба мо лозим мешавад, ки аз алифбои забонҳои гуногун истифода барем. Мо метавонем дилхоҳ забонро дар Windows илова кунем. Вале аз сабабе, ки дар клавиатураҳои мо одатан танҳо ҳарфҳои ду забон ишора шудааст, дохилкунии ҳарфҳои забони иловашуда хеле мушкил мегардад.

Чи бояд кард?
Ҳалли ин масъала хелло содда аст! Якчанд сомонаҳое мавҷуданд, ки имконияти дохилкунии ҳарфҳои алифбои забонҳои гуногунро медиҳанд. Бо ибораи дигар онҳоро “Клавиатураи маҷозӣ” номидан мумкин аст. Яке аз чунин сомонаҳо ин сомонаи https://www.virtualkeyboard.ru ба шумор меравад.
Ба сомонаи мазкур даромада клавиатураи забони даркориро интихоб кунед, сипас аз ҳарфҳои он истифода бурда, калима ва ё матни лозимаро дохил кунед.
Ташаккури зиёд!
Саломат бошед. Ба ма лозим буд, то маьлумотеро бо забони араби чустучу кунам. Хеле осон ва содда корам хал шуд???