Антивирусҳо

Антивирусҳо

Дар мақолаи пеш ба шумо дар бораи вирус ва хосиятҳои он маълумот дода будем. Барои пешгирӣ ва ҳифз кардан аз чунин вирусҳо аз барномаҳои “Зиддивирусӣ” (Антивирус) – ҳо истифода мебаранд. Антивирус – ин барномаи махсуси компютерие мебошад, ки барои ҳифз кардани компютер аз вирус ва ҳар гуна барномаҳои хатарнок хизмат мерасонад. Вазифаи асосии антивирус ин ошкор кадани вирус ва табобат ё нест кардани он ба шумор меравад. Агар дар компютер барномаи антивирусӣ насб карда шуда бошад, онгоҳ ҳангоми кор намудан бо флеш – корт ва ё дигар воситаи нигоҳдории маълумот, мо бояд аввал онро аз назорати барномаи антивирусӣ гузаронем, то ин ки ягон вирус ба системаи оператсионӣ дохил нашавад. Айни замон барномаҳои гуногуни антивирусӣ мавҷуд ҳастданд, ки аз якдигар бо хусусиятҳои гуногун фарқ мекунанд. Ва ҳангоми интихоби чунин барномаҳо дар мадди аввал бояд ба дараҷаи зоҳир намудани вирусҳо аҳмият диҳем. Инчунин, бояд зикр намуд, ки барномаҳои антивирусие, ки қобилияи хуби зоҳир кардани вирусҳоро доранд, албатта, ки ройгон нестанд. Ба мисли барномаҳои Eset Nod32 ва Kaspersky. Аммо барои шахсоне, ки имконияти харидори намудани чунин барномаҳои пулакиро надоранд, мо руйхати барномаҳои антивирусии ройгонро пешкаш мекунем.

Ҳарчанд, ки онҳо қобилияти ба пуррагӣ нест кардани вирусҳоро надошта бошанд ҳам, то як андозаи муаян компютери шуморо аз ҳар гуна хатарҳо ҳифз ҳоҳанд кард:

  • Avast Free Antivirus
  • Avira Free Security Suite
  • AVG AntiVirus Free
  • Bitdefender Antivirus
  • Kaspersky Free
  • Panda Free Antivirus
  • 360 Total Security

1 Star2 Stars3 Stars4 Stars5 Stars (No Ratings Yet)

Загрузка...

 

0 0 голос
Баҳодиҳии мақола
guest
0 Комментарий
Межтекстовые Отзывы
Посмотреть все комментарии
0
Оставьте комментарий! Напишите, что думаете по поводу статьи.x
()
x

Гирифтан (Скачат) намудани Видеокурс

Баъд аз равон сохтани маълумотҳо гирифтан (скачать) намудани видеокурс оғоз мешавад. Андозаи файл: 401 Мб: