Антивирусҳо

Вирусҳои компютерӣ

Вируси компютерӣ – ин барномаи начандон калоне мебошад, ки аз тарафи барномасозони моҳир сохта шуда, қобилияти мустақилона иҷро намудани амалиётҳои гуногунро дорад.

Чунин мустақилият ба вирусҳо имконият медиҳад, ки амалҳои гуногунро иҷро намуда, оҳиста – оҳиста кори компютерро ба ҳолати бад оварда расонад. Оид ба масъалаи аввалин бор пайдо шудани вируси комютерӣ фарзияҳои гуногун вуҷуд доранд. Вале аксарияти муттахассисон бар он ақидаанд, ки аввалин вируси компютерӣ дар солҳои 1986 пайдо шудааст. Ва яке аз аввалин вирусҳои компютерӣ ин вирус бо номи «Brain» ба шумор меравад, ки танҳо дар ИМА ба 18 ҳазор компютер зарар расонида буд.

Манбаҳои асосии даромадани вирус ба компютер:

  • Флеш корт;
  • Шабакаи локалӣ ва интернет;
  • Дискҳо;

Аломатҳои пайдо шудан вирус дар компютер:

  • Банд шудани ҳаҷми хотираи фаврӣ аз тарафи барномаҳои номаълум;
  • Суст шудани суръати кори компютер;
  • Хатогиҳо ҳангоми кори системаи оператсионӣ;
  • Хабарҳои нофаҳмои системавӣ;
  • Нест шудани файлҳо;

Инчунин, бояд зикр кард, ки намудҳои вируси компютери гуногун буда, онҳо ба ҳар роҳу усул кушиш мекунанд то ба мустаҳкамии кори компютер халал расонанд. Барои пешгирӣ ва ҳифз кардан аз чунин вирусҳо аз барномаҳои “Зиддивирусӣ” (Антивирус) – ҳо истифода мебаранд.

 

0 0 голос
Баҳодиҳии мақола
guest
0 Комментарий
Межтекстовые Отзывы
Посмотреть все комментарии
0
Оставьте комментарий! Напишите, что думаете по поводу статьи.x
()
x

Гирифтан (Скачат) намудани Видеокурс

Баъд аз равон сохтани маълумотҳо гирифтан (скачать) намудани видеокурс оғоз мешавад. Андозаи файл: 401 Мб: