Аз Windows-и 7 сар карда имконияти иловакунии забони тоҷикӣ барои дохилкунии ҳарфҳо мавҷуд мебошад. Барои ин амалҳои зеринро иҷро кардан лозим аст:
- Курсори мушро ба қисми рости поёни “Панель задач”, ки дар онҷо нишонаи интихоби забон мавҷуд аст, бурда, тугмаи рости мушро пахш кунед.
- Аз менюи пайдошуда банди “Параметры“-ро интихоб кунед.

- Дар равзанаи пайдошуда тугмаи “Добавить“-ро пахш кунед.

- Сипас равзанае пайдо мешавад, ки дар он руйхати забонҳои гуногун мавҷуданд. Ба мо забони тоҷикӣ лозим аст. Аз руйхат “Таджикский”-ро ёфта ду бор болои он тугмаи чапи мушакро пахш мекунем. Зерменюе пайдо мешавад, ки дар он банди “Таджикская”– ро фаъол месозем. Баъд иҷроиши амалҳои боло тугмаи “ОК”-ро пахш мекунем

- Акнун тугмаи “Применить”-ро пахш мекунем. Тамом, забони тоҷикӣ илова шуд.


Тугмаҳои лозимӣ барои дохилкунии ҳарфҳои тоҷикӣ
Ы | Ҷ |
Ц | Қ |
Щ | Ҳ |
Ь | Ӣ |
– | Ғ |
= | Ӯ |