Дигар

Насби шрифтҳои тоҷикӣ

Имрӯзҳо ҳар яки мо вобаста ба самти фаъолияти худ аз барномаҳои гуногуни компютерӣ истифода мекунем. Дар ҷараёни корӣ бисёр вақт лозим меояд, ки файлу ҳуҷҷатҳои худро ба дигар шахс равон созем. Ва дар ин раванд бо ҳодисаҳои аҷибе вохурдан мумкин аст. Мисоли он шуда метавонад, ҳуҷҷате ки мо дар компютери худ омода сохта онро ба дигар шахс равон месозем. Аммо ҳангоми кушодани он дар дигар компютер баъзе ҳарфҳои тоҷикии он дуруст нишон дода намешавад.
Сабаб дар он аст, ки компютери, ки шумо ҳуҷҷати худро ба он равон кардед, дар он ҳуруф (шрифт) – ҳои тоҷикӣ насб карда нашудааст.

Барои насб кардани шрифтҳои тоҷикӣ амалиётҳои зеринро иҷро кардан лозим аст:

  1. Ёфтани шрифтҳои тоҷикӣ аз шабакаи интернет ва ё аз ягон манбаи дигар.
  2. Ҷудо кардани ҳамаи шрифтҳо тавассути тугмаҳои Сtrl+A
  3. Тугмаи рости мушакро пахш кардан
  4. Аз меню интихоб кардани банди “Установить

Барои истифодабарандагони Windows XP (агар вуҷуд дошта бошанд:-))

  1. Ёфтани шрифтҳои тоҷикӣ аз шабакаи интернет ва ё аз ягон манбаи дигар.
  2. Аз дохили папкаи шрифтҳо ҳамаи онҳоро ҷудо карда, тугмаи рости мушкаро пахш мекунем ва аз меню бахши «Копировать»-ро интихоб мекунем.
  3. Ба менюи «Пуск-Панел управления» даромада аз он ҷо папкаи «Шрифти»-ро мекушоем.
  4. Сипас тугмаи рости мушакро бори дигар пахш карда аз меню бахши «Вставить»-ро интихоб мекунем ва шрифтҳои тоҷикӣ дар компютер насб карда мешаванд.
    Акнун ҳама ҳарфҳои ҳуҷҷати дар боло зикргардида дуруст нишон дода мешавад.

Ба ғайр аз ин аз Windows 7 сар карда имконияти иловакунии забони тоҷики мавҷуд аст. Маълумот оиди тарзи истифодаи он дар мақолаи мазкур пешниҳод гардидааст.

1 1 голос
Баҳодиҳии мақола
guest
0 Комментарий
Межтекстовые Отзывы
Посмотреть все комментарии
0
Оставьте комментарий! Напишите, что думаете по поводу статьи.x
()
x

Гирифтан (Скачат) намудани Видеокурс

Баъд аз равон сохтани маълумотҳо гирифтан (скачать) намудани видеокурс оғоз мешавад. Андозаи файл: 401 Мб: