Дигар

Барқарорсозии файлу папкаҳои нестшуда

Ҳангоми кор намудан бо компютер бо ҳодисаҳои гуногун вохурдан мумкин аст. Яке аз чунин ҳодисаҳо ин нест шудани маълумотҳо аз хотираи компютер ва ё флеш – карта мебошад. Бисёриҳо бо чунин мушкилот вохурдаанд, ки маълумотҳои чандсола ҷамъкардаи онҳо дар як лаҳза нест мешавад. Сабаби рух додани чунин ҳодисаҳо аксаран вақт ба саросемагӣ ва ё маълумоти кофӣ надоштани истифодабарандагони компютер вобаста аст. Инчунин вирусҳои комютерӣ низ имконияти мазкуро доранд. Тараққиёт ва пешрафти соҳаи технологияҳои иттилоотӣ ба мо имкониятҳои васеъ медиҳад. Ҳатто дар чунин ҳолатҳо низ мо метавонем аз барномаҳои махсуси барқароркунӣ ки барои барқарор намудани маълумотҳои нестшуда хизмат мерасонанд истифода барем.

Мисоли чунин барномаҳо шуда метавонанд:

R-Studio, Recuva, RMyFiles, HRecovery, Power Data Recovery ва дигар барномаҳо. Аксарияти ин барномаҳо ройгон буда шумо метавонед онҳоро аз шабаки интернет дастрас намоед. Бояд зикр кард, ки барномаҳои мазкур на ҳама вақт қобилияти пурра барқарор намудани маълумотҳоро доранд ва ҳангоми барқарор намудан вақти зиёдро талаб мекунанд. Аз ҳамин хотир ба шумо маслиҳат медиҳам, ки ҳамеша маълумотҳои зарурии худро нусхабардорӣ карда дар ҷои боваринок гузоред.

5 1 голос
Баҳодиҳии мақола
guest
0 Комментарий
Межтекстовые Отзывы
Посмотреть все комментарии
0
Оставьте комментарий! Напишите, что думаете по поводу статьи.x
()
x

Гирифтан (Скачат) намудани Видеокурс

Баъд аз равон сохтани маълумотҳо гирифтан (скачать) намудани видеокурс оғоз мешавад. Андозаи файл: 401 Мб: