PDF сабт намудани ҳуҷҷат дар барномаи Microsoft Word

Офис

Салом хонандаи азиз!

PDF аз форматҳое ба шумор меравад, ки кушодани он дар компютеру телефонҳо хеле осон аст. Аз ҳамин сабаб бисёр одамон ҳуҷҷат ва маводҳои худро дар шакли PDF сабт мекунанд. Аксарияти мо ҳуҷҷатҳои худро дар барномаи Microsoft Word омода месозем. Саволе пайдо мешавад, ки:

Чи тавр дар барномаи Microsoft Word ҳуҷҷати худро дар формати PDF сабт кунем?

Ҷавоб хеле осон аст:

Ба менюи файл даромада бахши “Сохранить как” – ро интихоб кунед:

Сипас дар равзанаи пайдо шуда ба руйхати тип файла пахш карда, аз руйхат формати PDF- ро интихоб кунед.

Тугмаи “Сохранить” – ро пахш кунед ва тамом! Ҳуҷҷати шумо дар формати PDF сабт шуд.

5 2 голоса
Баҳодиҳии мақола
guest
0 Комментарий
Межтекстовые Отзывы
Посмотреть все комментарии