Рамазон Нуров
Муассис ва муаллифи лоиҳаи iTojik

Салому дуруди самимӣ, дӯстони гиромӣ!

Рамазон Нуров ҳастам – хатмкардаи Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ. Айни ҳол дар муассисаи номбурда ба ҳайси ассистенти кафедраи “Технологияҳои иттилоотӣ ва ҳифзи маълумот” кору фаъолият дорам. Хушбахтона дар як қатор озмунҳо оид ба технологияҳои иттилоотӣ, махсусан барномасозӣ иштирок намуда, ҷоизаҳоро ба номи худ сабт кардаам. Аз ҷумла, солҳои 2016 ва 2018 дар озмуни “Беҳтарин барномасоз”-и Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат намуда, ғолиби озмун дониста шудам.
Дар вақтҳои фароғат ба омӯзиш ва сохтани барномаву сомонаҳои гуногуни интернетӣ машғул мешавам. Бо дарназардошти зарурати омӯзиши технологияҳои иттилоотӣ ба хулосае омадам, ки дар ин сомона ба шумо то ҳадди имкон маводу дарсҳои лозимро пешниҳод намоям.
Дар сомонаи iTojik мо кушиш мекунем, ки ҳамаи маводҳо бо забони тоҷикӣ пешкаши хонандагон гардад. Бо мо бошед ва барои боло бурдани маърифати технологии ҳамдиёрон саҳми худро низ гузоред!

Гирифтан (Скачат) намудани Видеокурс

Баъд аз равон сохтани маълумотҳо гирифтан (скачать) намудани видеокурс оғоз мешавад. Андозаи файл: 401 Мб: